18 феврал кӣ таваллуд шудааст?
– 1201 – Носириддини Туси (1274) – риёзидон ва ситорашиноси форсизабон.
– 1404 – Леон Баттиста Алберти (1472) – гуманист, нависанда, олими итолиёвӣ.
– 1745 – Алессандро Вольта (1827) – физик ва физиологи итолиёвӣ, ихтироъкори асбобҳои барқӣ (электрофор, электрометр, конденсатор, электроскоп ва ғ.).
– 1838 – Эрнст Макс (1916) – файласуф, физик ва механики австриягӣ.
– 1898 – Энцо Феррари – конструктори итолиёвӣ, асосгузори ширкати автомобилӣ
– 1921 – Оскар Фелтсман (2013) – оҳангсози шӯравӣ ва рус, Ҳунарпешаи мардумии Русия.
– 1932 – Тони Моррисон (2019) – нависандаи амрикоӣ, барандаи Ҷоизаи Нобел (1993).
– 1933 – Йоко Оно Леннон – рассоми ҷопонӣ ва амрикоӣ, сароянда, бевазани Ҷон Леннон.
– 1938 – Иштван Сабо – коргардони синамои Венгрия, сценарист ва нависанда.
– 1940 – Ҳусан Амирқулов – Ҳунарпешаи халқии Узбакистон (1997), барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Аҳмад Яссавӣ (1993).
– 1950 – Мирмањмуд Рањматов – устоди ганчкор, Устоди халќии Узбекистон (2002).
– 1952 – Александр Барыкин – сарояндаи шӯравӣ ва рус, оҳангсоз, гитарнавоз.
– 1953 – Аркадий Укупник – оҳангсоз, сарояндаи поп ва продюсери рус, Ҳунарпешаи шоистаи Русия.
– 1954 – Ҷон Траволта – актёр, раққоса ва сарояндаи амрикоӣ.
– 1970 – Ёсир бин Усмон ал-Румайён – соҳибкори саудӣ, менеҷери Хазинаи мустақили сармоягузорӣ (SIF), раиси клуби футболи “Ньюкасл Юнайтед” (Англия) ва Saudi Aramco.
– 1974 – Евгений Кафельников – теннисбози рус, қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ (2000).
– 1975 – Игор Додон – сиёсатмадори Молдова, Президенти Молдова (2016-2020).
– 1993 – Даниэл Юл – лижаронии швейтсарӣ, қаҳрамони олимпӣ ва ҷаҳон.